АКС: “Devanagrad”-и Аниса ва шарҳи навиштаҳои ӯ аз нигоҳи Мӯъмин Қаноат
Дар меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе рӯнамоии китоби “Devanagrad”-и Аниса Собирӣ, шоир ва адиби ҷавони тоҷик сурат пазируфт.
Дар ин маросим, ки 28 август баргузор шуд, шуморе аз дӯстон, дастандаркорони нашри китоб ва шоирони маъруфе монанди Гулрухсори Сафӣ ва Мӯъмин Қаноат ҳузур доштанд. Аниса Собирӣ ҳангоми ифтитоҳи маросими рӯнамоӣ дар мавриди унвони китоб гуфт, манзур аз вожаи “девона” на он девонаест, ки мепиндорем, балки шахсес дар ҷустуҷӯ ва наздик ба Худованд.
Ба қавли шоир Мӯъмин Қаноат, навиштаи Аниса Собирӣ як чизи “оригинал” аст. Ӯ мегӯяд: “Аз навиштаҳои Аниса пайдост, ки ӯ ҷараёнҳои гуногуни адабӣ, ҳунарӣ ва фалсафиро мутолиа ва онҳоро синтез кардааст, ки тақозои замони худаш аст. Дар марҳилае, ки тамоми шеъри ҷаҳон дучори буҳрон аст, қариб ҳама чиз гуфта шудааст, Аниса равияеро пайдо кардааст ва мехоҳад он синтези худро дар муқобили ҷараёни умумӣ гузорад. Ҷараёне, ки шакли омм гирифтааст ва ба ҳеҷ куҷо роҳ надорад. Аниса мехоҳад ин роҳро, ки ба нокуҷо мебарад бандад ва мегӯяд: Наравед, дигар роҳ нест. Руҷуъ кунед ба мактаби фалсафии орифони мо”.
Аниса Собирӣ, шогирди нависандаи маъруфи тоҷик -- Темур Зулфиқоров мебошад. Қаблан дар як суҳбати ихтисосӣ бо "Озодагон" гуфта буд, дар сенздаҳсолагӣ қалам ба даст гирифтааст: “Дар сенздаҳсолагӣ қалам ба даст гирифтам. То он вақт ба наққошӣ машғул будам, вале суолҳое азоб медод, ки сабаби қатъи рассомӣ ва шуруъ ба навиштанам шуд: Чаро ба ин дунё омадам? Инсон барои чӣ офарида шудааст? Мақсаду мазмуни ҳаёт дар чист? Бисёриҳо чунин мепиндоранд, ки ман, ҳамчун ҷинси латиф, бояд аз ишқу муҳаббат нависам, аммо чунин нест. Ман ягон байт дар бораи ишқ нанавиштаам. Албатта, ба мавзӯи муҳаббат дар насри худ даст мезанам, аммо он муҳаббат ба ҷаҳон, ба одамон, ишқи фалсафӣ аст, на муҳаббати миёни зану мард