Қамари Аҳрор аз додгоҳ хост парвандаашро қатъ кунад
Қамари Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ” аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, парвандаи ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ алайҳи ӯро қатъ кунад.
Ин парванда дар заминаи шикояти Зафар Сӯфиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, боз шуда, дар он Қамари Аҳрор “барои итоат накардан ба амри пулис” муттаҳам мешуд. Қамари Аҳрорро дар аризаи шикоятияш ба додгоҳ гуфтааст, бино бар ҷой надоштани ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муносибати ӯ бо пулиси шаҳри Хуҷанд, оғози парванда аллайҳи ӯ ғайриқонунӣ буда, бекор карда шавад.
Ҳуқуқшинос Файзиннисо Воҳидова ба “Озодагон” гуфт, шикояти Қамари Аҳрор дар бораи бекор кардани қарор дар хусуси оғози парвандаи ҳукуқвайронкунии маъмуриро имрӯз, 28-уми август додгоҳи Хуҷанд қабул намуда, ба баррасӣ он шурӯъ хоҳад кард.
Қаблан Файзинисо Воҳидова хабар дода буд, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрорро бо далели комил набуданаш баргардондааст. Ба гуфтаи хонуми Воҳидова, маводи пешниҳодкардаи Шӯъбаи умури дохилӣ ба додгоҳ барои муайян кардани гунаҳкории нафари таҳти ҳимояташ кофӣ набудаанд. “Чунин амали додрас дар асоси дархости мо сурат гирифт. Бо маводи парвандаи маъмурӣ шинос шуда, муайян кардам, ки ҳангоми тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаққи Қамари Аҳрор поймол гардидааст. Ба хабарнигор нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва протоколи онро надода, ӯро бо маводи парванда низ ошно накардаанд”,-афзуд ӯ.
Хонум Воҳидова айбномаи мақомоти умури дохилии Хуҷанд алайҳи хабарнигори тоҷик бидуни асос буда, баръакс, онҳо ба иҷрои фаъолияти касбии Қамари Аҳрор монеъ шудаанд.
Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.
Қамари Аҳрор яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар Хуҷанд кор мекунад.