Фармони нав: “То анҷоми маъракаи пахтачинӣ тӯй накунед”
Мақомоти ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷизах баргузор намудани тӯйҳо то анҷоми маъракаи пахтачиниро манъ кардаанд.
Торнамои uznews.net менависад, намояндаҳои маҳаллаҳои Янгиобод аз ҳокимияти маҳаллӣ дастур гирифтаанд, мардумро аз фармони нав огаҳ созанд: “Ба ҳамаи сокинон шурӯъ аз 25 август то се моҳи оянда баргузор кардани тӯйҳо манъ аст”.
Онҳое ки ин амрро иҷро намекунанд муҷозот хоҳанд шуд, аммо маълум нест чӣ гуна ҷазо ва дар кадом асос. Мақомот ҳамзамон рӯйхати пахтачинҳоро тартиб медиҳад. Ҳарчанд гуфта мешавад, он ихтиёрист, аммо масъулин ба ихтиёри касе кор надоранд. Муаллимон ва кормандони техникӣ ба номи раҳбари вилояти Ҷизах ариза навишта, аз ӯ хоҳиш мекунанд, “ба онҳо иҷозат бидиҳат то дар ғунучини пунба иштирок намоянд”.
“Бахши пахта дар Узбакистон ҳаммаънои беҳуқуқӣ ва бардагӣ шудааст. Аммо баъзеҳо мегӯянд, ин аз ғуломӣ ҳам бадтар аст. Ғуломон пули нақлиёт, зиндагӣ ва ғизояшонро худашон пардохт намекарданд, аммо “пахтағуломон” ин коро мекунанд. Ҳатто маҷбуранд, чорабиниҳое ба монанди тӯйро бо амри мақомот баргузор накунанд”, - менависад торнамо.