Задухурди ҷавонҳои қазоқу узбак дар ҷануби Қазоқистон
Дар пайи задухурди узбакҳову қазоқҳо дар рустои Қарамут, ноҳияи Сайрами вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ чор нафар ҷароҳат бардоштааст. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ ҳамаи захмиён узбакҳоянд.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон ҳодисаи задухурдро тасдиқ, аммо гуфта он дар пояи низоъҳои қавмӣ сар назадааст. Интерфакс бо такя ба суханҳои Валихон Кайназаров, раҳбари маъмурияти ноҳияи Сарам навиштааст, задухурдро одамони “омада” шурӯъ кардаанд. Торнамои Ҳаракати мардумии Узбакистон ҳам менависад, “наздики 150 ҷавони ҳузарби мусаллаҳ бо силоҳ ва арматура дар мошинҳои бидуни рақами давлатӣ ба рустои Қарамут, ки 98 дар сади аҳолияшро узбакҳо ташкил медиҳанд омада ва бо аҳолии маҳаллӣ даст ба гиребон шудаанд”. Гуфта мешавад, дар Қарамут соати
комендантӣ ҷорӣ шудааст.