Маълум шудани маҳалли иқомати муҳоҷири фавтидаи тоҷик
Маҳалли иқомати Маҳмадшариф Аюбов – муҳоҷири 23-солаи фавтидаи тоқик дар ватан, ки масъулини сардхонаи шаҳри Троитски Русия пайвандони ӯро меҷӯянд, муайян гардид.
Тавре Абдулло Давлатов – собиқ раиси ҷамъияти тоҷикон дар Русия ба “Озодагон” рӯзи 28 август хабар дод, Аюбов истиқоматкунандаи кучаи Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будааст.
Ба гуфтаи Давлатов дар шиносномаи ин муҳоҷири тоҷик макони зисти ӯ дар ватан чунин қайд шудааст: “Аюбов Маҳмадшариф Абдукаримович соли таваллуд -26.03.1991. макони зист - шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кучаи Ҳосилот, хонаи 151.”
Қаблан Абдулло Давлатов аз қарор доштани ҷасади муҳоҷири тоҷик дар сардхонаи Троитск хабар дода, гуфта буд, “масъулини сардхона мегӯянд, муддати тулонӣ аст, ҷасади Аюбов дар сардхона нигаҳдорӣ мешаваду то ҳол касе ба суроғаш наомадааст."