Боздошти Алина, хоҳари Ҷавҳар Тсарнаев дар Амрико
Пулиси Ню-Йорк аз боздошти Алина Тсарнаева, хоҳари Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳам дар таркиши марафони Бостони Амрико дар апрели 2013 хабар додааст.
Ба иттилои ИТАР-ТАСС, далели дастгир шудани Алинаи 24-сола, ки дар иёлати Ню-Ҷерсӣ ба сар мебарад, таҳдидҳояш унвонии зане буда, ки аз шавҳари ӯ кӯдак ёфтааст. Пулис гуфтааст дар як суҳбати телефонӣ бо он зан, Тсарнаева гуфтааст, “ман одамҳоеро мешиносам, ки ба манзилат рафта, бомб мегузоранд”.
Гуфта мешавад, то баррасии додгоҳии ин қазия, ки 30 сентяр дар нақша аст, Алина дар боздошт хоҳад монд.
Ҷавҳар Тсарнаев шаҳрванди чечентабори Русия дар куштори 3 нафар ва захмӣ кардани 264 кас муттаҳам мешавад. Бино ба хабарҳо, вай ва бародараш Темирлан Тсарнаев дар ҷараёни марафон бомбаи дастисохтро мунфаҷир кардаанд. Темирлан дар ҷараёни амалиёти боздошт аз тири як корманди пулис ба ҳалокат расид.