Дастури “риштарошӣ” дар Панҷакентро кӣ додааст?
Сино Ҳасанзода – корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо пахши як навори видеоӣ аз иҷборан тарошидани риши бархе аз сокинони мазҳабӣ дар ноҳияи Панҷакент хабар додааст.
Ин корбари фаъоли Фейсбук дар саҳифаи худ навиштааст, “дар шаҳри Панҷакент бо дастури Раҳмонқул Давлатов – сардори Шӯъбаи умури дохилии минтақа маъракаи густардаи риштарошӣ идома дорад.” Дар ин навор, ки дар сартарошхонае бардошта шудааст, дида мешавад, чанд нафар барои гирифтани риши худ навбат мепоянд. Ҳарчанд худи онҳо иҷборан тарошида шудани ришашонро рад мекунанд, вале нафаре бо номи Нурулло Ҳакимов, ки худро корманди шӯъбаи умури дохилӣ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, дар ин бора аз ҷониби сардори шӯъба дастур шудааст.
Ҳасанзода мегӯяд, кормандони умури дохилӣ, ҳамчунин Имомиддин Раҳматуллоев - масъули ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки риш дорад, иҷборан ба сартарошхона бурдаанд, вале баъд аз дахолат ва гуфтугӯ бо онҳо узви ҲНИТ-ро раҳо кардаанд.