Танқиди афғонҳо аз Карзай, ки натавонистааст Кобулро мисли Душанбе кунад
Як навори 3-дақиқаии видеоӣ дар бораи шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон баҳсеро миёни корбарони афғон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба миён овардааст.
Атиқ Атиқуллоҳ – як корбари афғон дар шарҳи ин навор навиштааст, Ҳомид Карзай – раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон бо тими худ бояд ин наворро тамошо кунанду дарси ибрат гиранд. Ӯ мегӯяд, “дар пайи 13 соли ҳукуматдории Карзай ва тимаш, ки миллиардҳо доллар барои Афғонистон ворид шудааст, имрӯз шаҳри Кобул – пойтахти ин кишвар ҷодаи ободу ва барқ надорад.”
Атиқуллоҳ дар идома аз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари обод нисбат ба ватанаш ном гирифта, изҳор доштааст, худи ӯ тақрибан 60%-и қаламрави Тоҷикистонро дидаасту ҳамчун як кишвари сабзу обод ёфтааст.
Brice Rice - корбари дигари афғон, ки худро ҳаводори пойтахти Тоҷикистон вонамуд мекунад, ба сокинони кишвар маслиҳат додааст, аз вуруди дини Ислом ба ватани худ ҷилавгирӣ намоянд, то ин шаҳри обод ба харобазор табдил наёбад.
Вале Ҳазратгул Вафодор – корбари Фейсбук ба ин ҳарфҳои оқои Rice вокуниши сахт нишон додааст. Вафодор дар хитоб ба ҳамватани худ гуфтааст, ин шаҳри зебою обод пойтахти мардумест, ки беш аз 90 дарсади онро мусулмонон ташкил медиҳанд: “Шояд Шумо аз мусулмон будани беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон хабар надоред?! Ислом худ зебоӣ асту саршор аз муҳаббат ва сулҳу оромӣ.”