Давлатманд Исломовро комиссари даври ниманиҳойии Ҷоми АФК таъин карданд
Давлатманд Исломов, сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозии даври ниманиҳойии Ҷоми АФК-2014 комиссар таъин шудааст.
Ба иттилои торнамои ФФТ Исломов дар дидори тимҳои “Ал-Қудсия” (Қувейт) ва “Персипура Ҷаяпура” (Индонезия), ки 16 сентябр дар Эл-Қувейт баргузор мешавад, ба ҳайси комисар иштирок хоҳад кард. “Дар таърихи футболи Тоҷикистони мустақил бори аввал аст, ки як намояндаи кишвари мо дар мусобиқаи бонуфуз дар чунин сатҳ таъин мешавад”,-навиштааст торнамо.
Давлатманд Исломови 33-сола аз ин пеш дар бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2015, Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми АФК, ҳамчунин қисмати финалии Ҷоми даъвати АФК-2014 ба ҳайси комиссар иштирок кардааст.