ҲНИТ узвияти Нуралӣ Ҳабибулло – "қаҳрамон"-и нави ТВ-ҳоро рад
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як изҳорот узви ин ҳизб будани Нуралӣ Ҳабибуллоҳ – қаҳрамони барномаи навбатии Шабакаҳои телевизиони давлатии кишварро, ки дар бадахлоқӣ муттаҳам мешавад, рад кард.
Дар изҳороти ҲНИТ омадааст, ки Нуралӣ Ҳабибуллоҳ сокини деҳаи Помии ҷамоати Шинги ноҳияи Панҷакент ҳеч гоҳ аз узвияти ин ҳизбро надоштааст.
Масъулони ҲНИТ барномаи навбатии Шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистонро, ки қаҳрамони он Ҳабибуллоҳ буду дар баробари намоиши бадахлоқияш ӯро узви ин ҳизб ном гирифтаанд, “идомаи туҳматпароканиҳои ғайриахлоқии мақомот” алайҳи хеш дар остонаи интихоботи парлумонӣ медонанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар шарҳи ин изҳороти хеш овардааст, мақомот ҳангоми намоиш аз қаҳрамонҳои ин гуна барномаҳо бадномкунанда ном мебаранд, дар ҳоле ки “худ амали бадномкунӣ ва туҳматомезро дар ҳаққи дигарон раво мебинанд.”