Ҷашни оташбаси номаҳдуд миёни Ҳамосу Исроил ва сипоси Маҳмуд Аббос
Маҳмуд Аббос – раиси Ташкилоти худгардони Фаластин аз оташбаси номаҳдуд миёни Ҳаракати муқовимати исломии ин кишвар - Ҳамос бо Исроил дар навори Ғазза хабар дод.
Ӯ гуфт, бар асоси тавофуқи ду ҷониб оташбас аз соати 7-и бегоҳи рӯзи 26 августи соли ҷорӣ оғоз шудааст. Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар шарҳи ин иттилои худ аз кишварҳои саҳмгузор, аз ҷумла Миср ва Қатар барои ба миён омадани ин оташбас миёни ҳаракати Ҳамос ва Исроил сипосгузорӣ намуд.
Аз сӯи дигар, Шабакаҳои телевизионии Исроил низ аз ин оташбаси номаҳдуд миёни Ҳамос ва кишвари худ истиқбол карда, гуфтаанд, он бар асоси ризояти комили кобинаи вазирони ин давлат ҳосил шудааст. Инчунин, ҳукумати Исроил бо дур кардани бархе аз маҳдудиятҳои марзӣ барои ворид кардани кумакҳо ба навори Ғазза иҷоза додааст.
Ҳаракати Ҳамос ба миён омадани оташбаси номаҳдуд миёни худ бо Исроилро натиҷаи пирӯзии хеш ба нерӯҳои низомии ин кишвар дониста, гуфтааст, рӯзи 27 август онро ҷашн хоҳад гирифт.
Ҳамлаҳои хунини Исроил даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба навори Ғазза шуруъ шуда буд. Дар пайи ин ҳамлаҳо 3 ҳазору 138 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 11 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ба қавли манобеи хабарӣ, шумораи зиёди қурбониёнро кудакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷавобии ҷангҷӯёни Ҳамос низ 48 нафар аз сокинони Исроил кушта шудаанд, ки 46 нафари онҳоро низомиён ташкил медиҳанд.
Навори Ғазза дар канори баҳри Миёназамин дар Ховари Миёна ҷойгир буда, аз қисмати ҷанубу ғарб бо Миср ва аз тарафи шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Масоҳати умумии он 360 километри квадратиро ташкил дода, ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Беш аз 99 дарсади сокинони навори Ғаззаро мусулмонон ва 1%-и онро ақаллияти масеҳиёни фаластинӣ ташкил медиҳад.