Иштироки Қоҳир Раслузода дар маросими қасамхӯрии Эрдуғон
Қоҳир Расулзода – нахуствазири Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури нави Туркия иштирок хоҳад кард. Оқои Расулзода ба хотири иштирок дар ин маросим субҳи 27 август озими Анқара шудааст.
Маросими расмии ба иҷрои вазифа шуруъ кардани раиси ҷумҳури нави Туркия қарор аст, рӯзи 28 август баргузор шавад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғони 60-сола аз моҳи марти соли 2003 ба ин сӯ симати нахуствазирии кишварашро бар дӯш дошта, ҳамчун 36-умин нахуствазири Туркия дар ин мақом кор мекард. Ӯ дар нахустин интихоботи ҳамагонии президентии Туркия, ки 10 августи соли ҷорӣ баргузор шуд, тавонист, аксари овозҳоро ба даст орад.
Дар ин интихобот Амалуддин Эҳсон Уғлу – намояндаи мухолифин ва Салоҳуддин Дeмиртош – намояндаи курдҳо рақибони Эрдуғон ва муддаии курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар низ буданд.