Назарбоев: Хунрезӣ дар Украина наметавонад идома кунад
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон зимни мулоқот бо Петр Порошенко гуфтааст, хунрезиҳо дар Украина наметавонад идома кунад.
Дидори Назарбоев бо ҳамтои украинияш дар Минск дар чорчуби мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди гумрукӣ, Украина ва намояндаҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Ҳалли низоъ дар ҷанубу шарқи Украина аз мавзӯъҳои меҳварии ин мулоқот хоҳад буд. “Имрӯз барои Русия ва Украина лаҳзаи ҳақиқат аст, зеро хунрезӣ наметавонад дигар идома кунад”,-гуфтааст Назарбоев.