Шикояти ҲНИТ аз монеагузориҳои мақомот барои баргузории ҷаласааш
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ дар бархе навоҳии кишвар дар рафти баргузории ҷаласаҳои ин ҳизб халал мерасонаду масъулини бахшҳои онро баҳудаву беҳуда мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд.
Раҳматуллоҳи Раҷаб - раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ, ки ҳоло дар ноҳияи Рашт қарор дорад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар асоси барнома қарор буд, ҷаласаи онҳо дар ноҳияи Ҷиргатол баргузор шавад, аммо мақомот қабл аз шурӯи он раиси бахши ин ҳизб дар минтақа - Қурбоналӣ Саидмуродовро ба шуъбаи амният даъват кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, раиси бахши ҲНИТ дар Ҷиргатол замоне ба Шуъбаи амнияти ноҳия даъват карда шудааст, ки баргузории ҷаласа бидуни он имкон надоштааст.
“Маъмурини амният ин даъвати ногаҳонӣ худро ба даъвои раиси "Тоҷикматлубот"-и Ҷиргатол рабт додаанд. Дафтари ҲНИТ дар ин минтақа дар бинои Тоҷикматлубот қарор дораду раиси он хостори бекор кардани шартномаи худ бо мо дар бораи иҷораи дафтар шудааст”,-мегӯяд ӯ.
Раҳматуллоҳи Раҷаб афзуд, ба далели даъват шудани Саидмуродов ба шуъбаи амният тасмим гирифтаанд, ҷаласаи худро дар яке аз навоҳии минтақаи Рашт баргузор кунанд. Инчунин, ба гуфтаи оқои Раҷаб, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод низ, ки қарор буд, дар ин ҷаласа иштирок кунад, ба шуъбаи умури дохилӣ даъват шудааст: “ШКД-и ноҳия далели даъвати худро ба кадом як мушкили ҳамсоягӣ рабт медиҳад.”
Масълини шубаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ, ки ҳоло дар доираи як сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор доранд, мегӯянд, онҳо ҳатто дар роҳ низ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозҷӯӣ мешаванд.