"Договор"-и Алимардону Маматалиев барои бунёди роҳҳо ва пулҳои наздимарзӣ
Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар ва ҳамтои қирғизаш – Абдураҳмон Маматалиев ба сохтмони ду роҳи наздимарзӣ ва пулҳо тавофуқ кардаанд. Ин тавофуқ дар ҷаласаи рӯзи 26 август дар Бишкек ҳосил шудааст.
Бар асоси созиши ҷонибҳо, роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиши Қирғизистон (аз рустои Тоҷикон убур намекунад) ва роҳи Исфара-Ворухи Тоҷикистон (аз деҳаи Оқсой намегузарад) сохта хоҳад шуд. Инчунин, ҳайатҳои Душанбеву Бишкек ба мувофиқа расидаанд, ки бунёди ду купрӯки нав ва сохтмони роҳи назди онҳо то 5 сентябр оғоз меёбад.
Дар ҷаласаи Бишкек ҳайатҳо ба натиҷае расидаанд, тамоми даргириҳое, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин сӯ дар марзи ду ҳамсоя иттифоқ уфтодааст, таҳқиқ бишавад. Барои ин, онҳо таъсиси як кумисюни муштарак аз ҳисоби кормандони мақомоти қудративу интизомиро пешниҳод кардаанд.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ин ҷаласа мавзӯи мушаххас кардану аломатгузорӣ намудани марзҳоро баҳс намуда, пешниҳодҳо барои нуқтагузорӣ ба ин масъаларо ба баррасӣ гирифтаанд. Қарор аст, даври навбатии музокироти ҳайатҳо дар Душанбе баргузор шавад.