Ҷазои ФФТ ба Индус Ҳусейнов барои бо оринҷ задани ҳариф
Кумитаи назорат ва ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон Индус Ҳусейнов, ҳамлагари тими “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшанро аз ҳақи ширкат дар панҷ бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима баст.
Тавре торнамои ФФТ мегӯяд, Ҳусейнов дар дидор бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки дар доираи даври 11-уми чемпионати Тоҷикистон баргузор гашт, ҳарифашро бо оринҷ задааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ахири кумита ҳамчунин чанд нафари дигар ҷазо дода шуданд. Саид Эргашев, бозигари “Регар-ТадАЗ”-ро барои дашноми доварон дар дидор бо “Энергетик” аз ҳақи иштирок дар се бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кардаанд. Шавкати Ҳотам, футболбози “Энергетик” бошад, барои бо пой ба рӯи ҳариф задан, дар ду бозии минбаъдаи тимаш ширкат карда наметавонад ва ҳам бояд 250 сомонӣ ҷарима пардозад.