Ҳамдардии раиси вилояти Суғд ба хонаводаи қурбонии 25 август
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд зимни боздид аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ҳамдардӣ ба хонаводаи Нуъмонҷон Набиев, яке аз ду қурбонии тирпаронии 25 август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, рафтааст.
Ин тирпаронӣ ҳамчунин панҷ захмӣ бар ҷой гузошт ва бино ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, ҷаноби Қодирӣ аз аҳволи захмиёне, ки дар беморхона бистариянд, дидан кардааст.
Ба шаҳодати сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, тирпаронӣ бегоҳи 25 август дар наздикии деҳаи марзии Овчӣ-Қалъачаи ин минтақа рух додааст. Онҳо мегӯянд, марзбонони қирғиз замоне оташ кушодаанд, ки онҳо мехостанд монеи оғози сохтмони як пул шаванд.