Шаҳрдори Хуҷанд аз Ҳанафия, мавъиза ва баргардондани донишҷӯён гуфт
Раҷаббой Аҳмадзода – шаҳрдории Хуҷанд дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд бо баргузории ҷаласаи корие ба мавзӯи мавъизаҳои руҳониёни исломӣ дахл карда, хостори баргардондани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ шудааст.
Раҷабзода дар ин ҷаласаи худ аз рӯҳониёни исломии ин минтақа хостааст, бештар ҳангоми мавъизаҳояшон дар мавзӯи хайру эҳсон, риояи ҳатмии қонунҳои мавҷуда, иҷрои маросиму рукнҳои динӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафия сухан ронанд.
Дар идома шаҳрдории Хуҷанд барои баргардондани донишҷӯёни тоҷик аз таълимгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ба масъулон ин минтақа муҳлат дода, гуфтааст, дар фурсати кӯтоҳ онҳоро ба ватан баргардонанд.
Инчунин, Аҳмадзода дар ин суханронияш ба фаъолияти масоҷид дар заминаҳои ҳуқуқӣ дахл карда, дар бораи пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ ва паст бурдани сатҳи ҷинояткорӣ ҳарф задааст.