Дастгир шудани 8 тан ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир ба Русия
Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи ҳаштнафарӣ хабар дод, ки дар қочоқи ин навъи мавод даст доштаанд. Ба иттилои масъулони Оҷонсӣ, боздошти ин гурӯҳи ҷиноӣ дар пайи ба даст афтодани сокини 38-солаи Истаравшан дар фурудгоҳи Хуҷанд сурат гирифтааст.
Онҳо мегӯянд, дар беморхонаи вилояти Суғд аз дохили бадани ин сокини Истаравшан 100 ғилофаки пур аз ҳероинро гирифтаанд, ки вазни умумияш 470 грамм будааст. “Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ боз ҳафт нафар аъзои гурӯҳ - 4 сокини Суғд, 2 сокини Душанбе ва як сокини Хатлон боздошт гардиданд”,-омадааст дар хабари Оҷонсӣ.
Ба асоси ин хабар, “дар хонаи яке аз боздоштшудагон ба таври иловагӣ боз 705 грамм ҳероин ва дар манзили аъзои дигари гурӯҳ 3 килову 476 грамм ошкор гардид, ки барои интиқол дар дохили бадан ба Русия омода шуда буданд”. Манбаъ мегӯяд, вазни умумиии ҳероини мусодирашуда тақрибан 5 кило буда, тафтишот муайян намудааст, саркардаи гурӯҳ як сокини 33-солаи Суғд мебошад. “Ҳар як аъзои гурӯҳ нақши муайянеро, аз қабили назоратчӣ, ҷалбкунанда, инттиқолдиҳанда, таъминотгар мебозидааст, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”,-омадааст дар хабари Оҷонсӣ.