Гуфта мешавад, мувофиқи оинномаи ИЖТ бо гузашти 5 сол як маротиба анҷумани иттиҳод доир мегардад. Вакилони анҷуман аз саросари кишвар ҷамъ омада, масоили марбути рӯзноманигорӣ, бурду бохти соҳа ва дурнамои рушди онро баррасӣ мекунанд.
Акбаралӣ Сатторов мегӯяд, дар анҷумани қарибулвуқуъ масъалаи интихоби раиси нав ва раёсати нав низ ба нақша гирифта шудааст, вале асосан дар бораи ояндаи иттифоқ ва умуман соҳаи журналистика, ки яке аз соҳаҳои асосии ҷомеаи кунунӣ ба ҳисоб меравад, андешаронӣ карда мешавад. «Ба ҳамин хотир барои таҷлили анҷуман мо тайёрии ҷиддӣ дида истодаем, ки ин ҳамойиш фақат ба интихоби раиси нав ё раёсати нав табдил наёбаду дар баробари он муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор бигирад»,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}