Мастер Исмайл дар бораи гадоӣ, бенамозӣ ва номардиҳо
M.One (Мастер Исмайл), рэпсарои тоҷик, клипи нави худро вориди бозор кард, ки он бар матни “Духтари гадо” аз сӯи Raw production ва Zion records таҳия шудааст.
Клип дар бораи як тифли шашсолаи ятим нақл мекунад, ки дар кӯчаҳои пойтахт барои пайдо кардани пораи ноне зери борону барф сарсону саргардон аст. Дар матни клип ба бераҳмӣ, бенамозӣ ва номардиҳо таъкид гардида, ба ёрӣ ба одамони ниёзманду гадо даъват мешавад. Клипи мазкур поёни хуб дорад. Зану шавҳари ҷавон, ки ба гуфтаи табибон фарзанддор намешаванд, “духтари гадо”-ро дар кӯча дида бо худ мебаранд.
M.One ё Исмоил Исмоилов (Мастер Исмайл) соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ яке аз аввалин рэпсароҳои тоҷик гуфта мешавад. Карйераи ҳунарии вай соли 1999 оғоз шуд ва он замон ҳамчун DJ Ismail баромад мекард. Баъдан зери номи Master Ismail ва чанд соли ахир ҳамчун M.One ҳунарнамоӣ мекунад.
Бештар аз чор соли ахир дар Русия кор ва зиндагӣ дорад. 3 сол дар тарабхонаи "Хайём" ва феълан ба сифати коргардони овоз дар як студияи шахсӣ фаъолият доштааст. Дар чанд суҳбат бо телевизионҳои Русия ҳамеша аз мардуми тоҷик дифоъ кардааст. Чанд муроҷиатномаи видеоӣ ҳам дар интернет нашр кардааст, ки тоҷиконро ба иттиҳод даъват мекунад.
Ӯ феълан дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қасд дорад дар моҳи сентябр албоми нави худро вориди шоу-бизнеси тоҷик кунад. “Тоҷикбача”, “Ватани ман”, “Москва”, “Тоқа намемонум” аз сурудҳои маъруфи M.One ҳастанд. Ӯ бо Шабнами Сурайё (Ай бевафо), гуруҳи “Саҳро”-и Узбакистон (Бо ҳам) ва Баха-84, рэпсарои дигари тоҷик дуэт иҷро кардааст.