Рақобати Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Рашид Раҳимов дар бозии ситораҳои “Спартак”-и Русия
Мӯҳсин Муҳаммадиев – сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Рашид Раҳимов - мураббӣ ва яке аз футболбозони беҳтарини тоҷик дар бозии дӯстонаи ситораҳои футболи тими “Спартак”-и Русия иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти дастаи “Спартак”, ин бозӣ рӯзи 30 августи соли ҷорӣ дар майдони “Открытие-Арена”-и шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд. Дидори дӯстонаи ситораҳои футболи тими “Спартак” соати 16:00 дар варзишгоҳи мазкур шуруъ шуда, дар он афроде метавонанд, иштирок кунанд, ки аз узвияти мавсими нави ин бошгоҳ бархӯрдоранд.
Дар ин бозӣ Муҳаммадиев, ки солҳои 1994-1995 ба ҳайси ҳамлагар дар тими “Спартак” бозӣ мекард, аз сӯи гуруҳи сафедпӯшон бо раҳбарии Никита Симонян ва Вячеслав Егорович иштирок карда, Рашид Раҳимов, ҳимоятгари пешини ин даста дар солҳои 1992-1994 дар ҳайати гуруҳи дуюм бо раҳбарии Олег Романтсев ва Георгий Яртсев бозӣ мекунад.