Татбиқу афзоиши пайдарҳами боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, барои Тоҷикистон дар баробари пайомадҳои манфӣ, - аз қабили болоравии нархҳо ва сатҳи таваррум, инчунин ҷанбаҳои мусбат ҳам дорад.
Ин нуктаро, дар сўҳбат бо «Озодагон», Фирўз Саидов, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳор дошт.Ба гуфтаи Саидов, дар натиҷаи афзоиши боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ, масъулини Тоҷикистон таҳдидҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии пойбанди як кишвар буданро дарк карданд. Вай мегўяд, сўйистифодаи Русия, аз яккатозиаш дар бозори сўзишвории Тоҷикистон, масъулини тоҷикро водор кард, то барои ҷорӣ кардани воридот аз дигар кишварҳо кўшиш намоянд. Саидов, таъкид мекунад, ки муҳимтар аз ҳама, масъулини Тоҷикистон, баъди афзоиши пайдарҳами боҷи содиротии нафти Русия, барои роҳандозии коркарди нафт дар дохили кишвар, талошҳо карданд ва баъзе дастовардҳо ҳам доштанд.
Айни ҳол, Тоҷикистон барои ҳар тонна бензини Русия, 399 доллар ва барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар 297 доллар, боҷи содиротӣ супорида истодааст. Дар назар аст, то охири соли ҷорӣ ба тарофаҳои гумрукӣ, зимни интиқоли сўзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон таҷдиди назар карда шавад.
Аммо сарфи назар аз он, ки ҳаҷми боҷи содиротӣ кам ё умуман лағв мешавад, Фирўз Саидов барои масъулини тоҷик зарур мешуморад, талошҳояшонро барои роҳандозии коркарди нафт дар дохили Тоҷикистон қатъ накарда, вусъат диҳанд, зеро ба гуфтаи ў ин роҳи беҳтарин ва арзонтарини таъмини кишвар бо сўзишворӣ аст.{jathumbnail off}