Ифтитоҳи қисми низомии 35 02-и ВКД ва иштироки Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 26 августи соли ҷорӣ дар ифтитоҳи бинои қисми низомии 35 02-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ба “Озодагон” гуфт, қисми низомии 35 02 дар наздикии корхонаи сементи шаҳри Душанбе ҷойгир буда, раиси ҷумҳур бо шароиту ҳолати сохтмони бино ошно хоҳад шуд. Аз ин пештар, рӯзи 23 август, Рамазон Раҳимзода -- вазири умури дохилӣ, Бахтиёр Худоёрзода -- роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва Шералӣ Хайруллоев -- ёрдамчии раиси ҷумҳур дар умури амнияти миллӣ аз ин бино боздид карда будаанд.
Оқои Садриддинов мегӯяд, дар ин қисми низомии ВКД толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, бинои вохӯрии сарбозону афсарон бо пайвандонашон ва дигар иншооти хизматрасонӣ ба таври муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.