Ҷасаде, ки “Тоҷик Эйр” нагирифт, тариқи Маскав ба Душанбе расид
Ҷасади Манзура Почомуллоеваи 46-сола, ки аз бемории гепатити “С” дар Ҳиндустон ҷон доду халабонҳои ширкати “Тоҷик Эйр” аз гирифтану оварданаш ба Ватан худдорӣ карданд, субҳи 25 август ба Душанбе оварда шуд.
Дар ҳоле ки халабонҳои тоҷик гуфта буданд, ҷасади Почомуллоева бӯй мекунад, тобути ин шаҳрванди Тоҷикистон бидуни мушкил аз Ҳиндустон ба Русия ва тавассути ҳавопаймои ширкати “ЮтЭйр” ба Душанбе интиқол ёфтааст. Наздикони ӯ мегӯянд, ҷасади Почомуллоеваро дар тобути махсус ҷо карда буданд ва баъд аз худдории халабонҳои тоҷик дубора ба сардхона (морг) рафта, баъд аз тафтиш номаи расмӣ гирифтаанд. Ҷасади ин сокини Тоҷикистон рӯзи душанбе ба хок супорида хоҳад шуд.
Анора Самадова, духтари марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, рӯзи 22 август халабонҳои “Тоҷик Эйр” ҷасади модари ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ аз дохили ҳавопаймо ба замин фароварда, гуфтаанд, имкони интиқоли он ба Душанберо надоранд. Ба қавли ӯ, халабонҳои “Тоҷик Эйр” далели ин иқдоми худро ба бӯй кардани ҷасади Почомуллоева ва рафтани об аз дохили он рабт додаанд.
Самадова, ки дар ин сафар модари беморашро танҳо ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, яке аз халабонҳои ин ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, капитан Нодиров, ба ӯ гуфтааст, “от запаха у меня глаза режут, возьми труп и выходи!” Самадова дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова кард, халабонҳо гуфтаанд, ҷасади модарашро дар тобути махсус ҷой кунад ва баъдан имкони интиқоли он ба Ватан вуҷуд дорад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани тобути махсус дар Ҳиндустон аз имкон дур аст.