Нақдӣ: "Ҳар шабонарӯз 28 сиёҳпӯст дар Амрико ба қатл мерасад"
“Эътирози густардаи сиёҳпӯстон дар садҳо шаҳри Амрико нишони моҳияти нажодпарастонаи режими ин кишвар аст”.
Сардор Муҳаммадризо Нақдӣ, раиси созмони басиҷи Эрон, бо зикри ин нукта изҳор дошт, “он чи дар Амрико мегузарад, сирфан эътироз ба кушта шудани як сиёҳпӯст дар як нуқтаи Амрико нест, чунин ҳодисае наметавонад мардуми 200 шаҳрро барангезад ва ба хиёбонҳо бикашад. Эътирозҳои доманадор ва идомаи он дар садҳо шахр нишонгари умқи ҷинояти нажодпарастонаи режими Амрикост”.
Раиси созмони басиҷи Эрон дар ҷамъи фармондеҳони пойгоҳҳои муқовимати Симнон гуфта, ки ҳар шабонарӯз 28 сиёҳпӯсти амрикоӣ ба қатл мерасад. Ӯ таъкид кард, ҷамъан 35 дарсади ҷомеаи амрикоиро сиёҳпӯстон ва испанитаборон ташкил медиҳанд, ки дар бисёр ҳолат бархӯрд бо онҳо ғайриинсонист.
Оқои Нақдӣ зикр кард, 40 дарсади зиндониён дар Амрико сиёҳпӯстонанд, дар ҳоле ки шумори онҳо 13%-и ҷамъияти Амрикоро ташкил медиҳад. Раиси созмони басиҷи Эрон зулми бузурги Амрико нисбат ба сиёҳпӯстон ва ҳимояти ҳаматарафа аз ҷиноятҳои режими Исроилро, ки зидди мардум, бахусус, кӯдакони Ғазза раво доштааст, ба ҳам марбут донист ва таъкид кард, ин зулмҳо гиребони Амрикоро гирифтаву раҳо нахоҳад кард.