Худдории Tajik Air аз овардани ҷасади Почомуллоева аз Деҳлӣ ба Душанбе
Халабонҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз интиқоли ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба Ватан худдорӣ кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон Манзура Почомуллоеваи 46-сола буда, бар асари бемории “гепатити С” дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷон додааст.
Анора Самадова, духтари марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 22 август халабонҳои “Тоҷик Эйр” ҷасади модари ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ аз дохили ҳавопаймо ба замин дубора фароварда, гуфтаанд, имкони интиқоли он ба Душанберо надоранд. Ба қавли ӯ, халабонҳои “Тоҷик Эйр” далели ин иқдоми худро ба бӯй кардани ҷасади Почомуллоева ва рафтани об аз дохили он рабт додаанд.
Самадова, ки дар ин сафар модари беморашро танҳо ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, яке аз халабонҳои ин ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, капитан Нодиров, ба ӯ гуфтааст, “от запаха у меня глаза режут, возьми труп и выходи!” Самадова дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова кард, халабонҳо гуфтаанд, ҷасади модарашро дар тобути махсус ҷой кунад ва баъдан имкони интиқоли он ба Ватан вуҷуд дорад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани тобути махсус дар Ҳиндустон аз имкон дур аст.
Дар ҳамин ҳол, як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо шарти ифшо нашудани номаш ин гуфтаҳои капитан Нодировро рад карда, гуфт, шояд ба далели он ки ин амал бояд ройгон сурат мегирифт, халабонҳо аз интиқоли он худдорӣ карданд. Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, халабонҳои Тоҷик Эйр дар ҳоле аз интиқоли ҷасади шаҳрванди кишвар худдорӣ карданд, ки онҳо ҳангоми интиқоли дубораи он ба яке аз сардхонаҳои шаҳри Деҳлӣ на бӯйеро эҳсос кардаанду на рафтани оберо дидаанд.
“Мурда тибқи талабот дар кафани махсус печонида шуда буд. Ман шахсан ба сардхона (морг) рафта ба даст қапидам. Тарсидам, лекин ин корро кардам. Ҳамааш қоқ (хушк) буд, бӯй набуд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ростӣ, ба фикрам фурудгоҳи Деҳлӣ бори аввал шоҳиди ин гуна қазия шуд, чун халабонҳо ҷасади ҳамватани худро дар як кишвари бегона аз ҳавопаймо ба замин дубора мефароранду ба дасти духтари 26-солае месупоранд, ки дар он ҷо ҳеч кас надорад”,-афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо гуфт, қарор аст, шоми 23 август ҷасади Почомуллоева аввал аз Деҳлӣ ба Маскав ва баъдан ба Ватан интиқол ёбад.