"Илтимос"-и дигарбораи сафорати Тоҷикистон аз муҳоҷирон
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав қазияи банд мондани 7 сокини кишвар дар марзи Абхозистон бо Русияро шарҳ дода, аз муҳоҷирони кории тоҷик даъват кардааст, аз ин гуна сафарҳо худдорӣ кунанд.
Масъулони сафорат мегӯянд, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон барои тамдиди будубоши худ дар Русия марзи ин кишварро ба нияти Абхозистон убур карда, ҳангоми бозгашт марзбонони рус ба онҳо иҷозаи вуруд надодаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз онҳо Хайрулло Бегматови 30-сола, Шоҳҷаҳон Ҷӯраеви 21-сола, Ёқубҷон Довудови 46-сола, Ҷамолиддин Шерови 21-сола, Собирҷон Абдуғаниеви 22-сола, Зайниддин Умарови 23-сола ва Раҷаб Шукурови 53-сола ном бурда мешавад, танҳо бо иҷозаи Вазорати умури хориҷии Русия тавассути ин кишвар ба ватан баргаштаанд.
“Албатта маълум аст, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон барои қонунӣ кардани будубоши худ марзи Русияро убур карда, хостаанд, дубора ба ин кишвар баргарданд. Вале бояд гуфт, дар ин гуна ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба Русия мамнуъ мебошанд, марзбонони рус онҳоро иҷозаи дохилшавӣ намедиҳанд. Дар ҳоле ки роҳи бозгашт ба ватан низ тавассути Абхозистон вуҷуд надораду онҳо танҳо тавассути қаламрави Русия ба Тоҷикистон баргашта метавонанд. Аз ин рӯ, аз муҳоҷирони кории тоҷик хоҳиш мекунем, аз сафар ба Абхозистон худдорӣ кунанд”,-таъкид шудааст дар баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русия.