СММ шумораи нави қурбониёни нооромиҳои Сурияро эълон кард
Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузорише шумораи нави қурбониёни Сурияро, ки дар пайи нооромиҳои дохилии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд, эълон карда, онро беш аз 190 ҳазор хондааст.
Ин ниҳод мегӯяд, аз соли 2011 ба ин сӯ, дар ҷангҳои дохилии Сурия 191 ҳазору 369 нафар ҷон додааст. Бар асоси гузориши СММ 85 дарсади қурбониёнро мардон ташкил медиҳанду беш аз 7 ҳазори онҳо кудакон мебошанд.
Талафоти зиёди ҷонӣ аз ҳама зиёд дар муҳофазаи Рифи шаҳри Димишқ - пойтахти Сурия қайд шуда, шумораи онҳо ба 39 ҳазору 393 нафар мерасад. Ин нишондод дар минтақаи Талияи Ҳалб 31 ҳазору 932, дар шаҳри Ҳумс – 28 186, дар шаҳри Даръо - 18 539, дар Идлиб – 20040 ва дар Ҳамот – 14 ҳазору 690 нафарро ташкил медиҳад. СММ дар шарҳи ин омори худ навиштааст, ки 51 ҳазору 953 ҳолати маргу мири дигар ба хотири набудани маълумоти кофӣ ба ин омор ворид карда нашудааст.
Ҷумҳурии арабии Сурия дар қисмати ҷанубу ғарбии Осиё ва дар соҳили шарқии баҳри Миёназамин ҷойгир буда, наздик ба 22 миллиону 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир яке аз нооромтарин кишварҳои арабӣ ба шумор рафта, давоми се соли охир аст, мухолифон бо ҳукумати Башшор Асад даст ба гиребон шудаанд.