Қаноатмандии намояндаи САҲА аз иштироки ҳизби аграрӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон
Рустам Латифзода, муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) бо Марчин Валетский, раиси шӯъбаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендерӣ (САҲА/БДИПЧ) мулоқот кардааст.
Дар ин дидор фаъолияти ҳизб ва омодагии он ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар маркази таваҷҷуҳ будааст. “Марчин Валетский аз фаъолияти ҳизб дар интихоботҳои қаблӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз корҳои омадагии ҲАТ вобаста ба иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъ истиқбол намуд”,-гуфт як намояндаи ҲАТ.
Рустам Латифзода гуфтааст, ҳизб ба маъракаи интихоботи дарпешистода омодагии ҳамаҷониба мебинад ва имконият дорад, ки онро таҳким бахшад, “чун зиёда аз 70 дар сади аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ доранд, ки аксаран ба кишоварзӣ машғуланд ва электорати хуби ҳизб шуда метавонанд”.
Ба қавли манбаъ, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаҳои ҷалби занону ҷавонон ба татбиқи ҳадафу мақсадҳои ҳизбӣ ва таҳкими фаъолияти онҳо дар бахшҳои маҳаллӣ дахл шудааст. “Қайд гардид, ки барои демократӣ гузаштани интихоботи навбатӣ ҷониби САҲА/БДИПЧ омодааст, дар доираи ваколатҳои худ ва риояи қонунҳои Тоҷикистон кӯмакҳои худро ба Ҳизби аграрии Тоҷикистон ироа кунад”,-афзуд манбаъ.
Дар дидори Рустам Латифзода ва Марчин Валетский вазъи кору зиндагии занон дар деҳот, бахусус занони кишоварз, ҳуқуқу ваколат, фаъолсозии иштироки онҳо дар раванди идораи давлатӣ ва таҳкими институтҳои демократӣ баррасӣ гардиданд. Муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки мардуми деҳот ки аксари онҳо ба кишоварзӣ машғуланд, таваҷҷуҳи бештар мехоҳанд.
Ёдовар мешавем, аз ин пеш ҷаноби Марчин Валетский бо Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам мулоқот дошт.
Ҳизби Аграрии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2005 аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон расман сабти ном шуд. Ин ҳизб дар парлумон ду намоянда дошта, соли 2006 номзадии раҳбараш -- Амир Қароқуловро ба ҳайси номзад ба маснади президентии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Бархе аз коршиносон ҳизби аграриро шарики Ҳизби халқӣ-демократӣ мегӯянд ва ҳадафи таъсисашро ҳам кӯмак ба он. Дар матбуот аз он ҳатто ба унвони "ҳизби кисагӣ" ном бурда мешавад. Аммо раҳбарони ҲАТ иддаои "кисагӣ" буданро ҳамеша рад кардаанд.