85 000 $ барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ ва кор дар Салиби Сурх
Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон як сокини 42-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори беш аз 85 ҳазор доллар боздошт намудааст.
Дафтари матбуоти Оҷонсӣ мегӯяд, Раъно Раҷабова тӯли моҳҳои феврал-ноябри соли 2012 ба боварии марҳум Зокир Қобилов даромада, барои ба кор қабул намудани фарзандаш дар “Салиби Сурх” ва шомил намуданаш ба Донишгоҳи тиббӣ аз дувумӣ 85 ҳазор доллар гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, боздошти Раҷабова дар пай муроҷиати Қобилова, яке аз наздикони Зокир Қобилов, сурат гирифта, зимни тафтишот маълум гардидааст, боздоштшуда бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт чунин амалро роҳандозӣ кардааст. “Раъно Раҷабова ба ивази маблағи гирифтааш ягон амалеро иҷро накарда, аз баргардонидани маблағ саркашӣ намуда, ба Зокир Қобилов зарари калон расонидааст”,-омадааст дар хабари дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ.
Оҷонсӣ мегӯяд, нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.