Иқрори донишҷӯи қазоқистонӣ барои монеъ шудан ба таҳқиқи амали террористии Бостон
Диас Қодирбоев, донишҷӯ аз Қазоқистон, ки мақомоти ИМА дар мамоният ба таҳқиқи амалиёти террористии Бостон (иёлати Массачусетс) муттаҳам мекунанд, ба гуноҳи худ иқрор кардааст. Қарор аст, додгоҳи Бостон ҳукми Қодирбоевро 18 ноябр эълон намояд.
Ёдовар мешавем, 15 апрели соли 2013 дар хатти марраи марафони Бостон таркиш ба амал омад ва 3 нафарро кушта, садҳо тани дигарро захмӣ кард. Барои анҷоми ин таркиш бародарон Темурлан ва Ҷоҳар Тсарнаевҳо, ки аслан аз чечентаборҳои Қирғизистонанд, айбдор шуданд. Темурлан 3 рӯз баъд аз таркиш ҳангоми таъқиб дар даргирӣ бо пулис кушта шуд, вале бародари хурдии ӯ Ҷоҳарро дастгир карданд. Ба дунбол гуфта шуд, ки Азамат Тажаякову Диас Қодирбоев, ки бо Ҷоҳар Тсарнаев дӯст будаанд, се рӯз баъд аз таркиш як борхалтаи ҳомили маводи пиротехника ва ноутбуке, ки ба Тсарнаев таалуқ дошт, нобуд кардаанд.