Духтари президент: Бо мо аз саг ҳам бадтар муносибат мекунанд
Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов бо ирсоли паёми аудиоӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ӯ ва духтарашро “бадтар аз саг” нигоҳ медоранд. Би-би-сӣ ин наворро шоми 21 август нашр кард. Дар он Гулнора Каримова аз вазъи бади ҳабси хонагии худу духтари 15-солааш -- Имон нақл мекунад.
Духтари президент бо забони англисӣ мегӯяд, “мо аз касе наметавонем посух бигирем, ки барои чӣ моро дар хона нигоҳ медоранд, мисле ки дар зиндон бошем. Барои чӣ духтари ман аз ҳаққи иртибот маҳрум аст, ҳар хонанда дар синни 15 бояд имкони ба мактаб рафтан ва суҳбат бо дӯстонашро дошта бошад. Ман дар бораи худам намегӯям. Мо ба кумаки тиббӣ ниёз дорем”.
Духтари президент меафзояд: “Моро дар хона нигоҳ медоранд ва наметавонем ҳатто як қадам аз он берун бароем. Моро дар шароите нигоҳ медоранд, ки аз шароити саг бадтар аст. Онҳо кӯшиш карданд, ангуштонамро бишкананд, ба ман фишори равонӣ оварданд, хонаи мо пурра муҳосира шудааст”.
Ба иловаи навори савтӣ, Би-би-сӣ ҳамчунин навори видеоиеро дарёфт кардааст, ки дар он дида мешавад, Гулнора ҳамроҳи писараш - Ислом ва духтараш – Имон талош мекунанд, ба бӯстонсарое дар Тошканд ба ҳузури Ислом Каримов дароянд. Ин навор зоҳиран дар зимистон бардошта шудааст ва гуруҳи мардони низомипӯш пеши роҳи онҳоро мегиранд. Садои Гулнора баланд мешавад: “Бубинед, онҳо чӣ кор мекунанд”. Баъдан садои мардонае, ки зоҳиран писараш Ислом аст шунида мешавад: “Имон, ба навор бигир”.
Вақте Гулнораро бо зӯр аз роҳ мегардонанд, фарёд мезанад: “Падар, падар”. Баъдан мегӯяд: “Ман фаҳмидам, сар деҳ” ва илова мекунад: “Аз ду сар ман ба наздаш медароям!”
Гулнора Каримова, ки баъди Ислом Каримов дуюмин чеҳраи Узбакистон маҳсуб мешуд, тирамоҳи соли сипаришуда якбора ба нокомӣ рӯбарӯ гардид. Тиҷоратҳояшро гирифтанд, радиову телевизионҳояш баста шуданд ва тайи шаш моҳи ахир дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ дар чанд мактубаш унвонии расонаҳо модараш Татяна ва раҳбари Кумитаи амнияти миллии кишварашро сабабгори бадбахтияш гуфтааст.