Сухангӯ: “Ҷаноби олӣ ба рухсатӣ набаромадаанд, истироҳат надоранд”
Фасли тобистон ҳам ба поёни худ мерасаду омӯзгорону хонандагон ба мактаб, вакилон ба парлумон ва бархеи дигар аз истироҳатгоҳҳои дохилу хориҷ ба коргоҳашон бармегарданд. Озодагон аз чанд мусоҳиби худ пурсид, тобистонро, ки фурсате барои сайру саёҳат ва истироҳат дониста мешавад, имсол дар куҷо гузарондаанд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ба далели он ки Эмомалӣ Раҳмон тайи бештар аз ҳашт соли охир ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст, онҳо низ истироҳат надоранд: “Ёд надорам, тӯли 7-8 соли охир ба истироҳат баромада бошам. Зеро чун салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон асту Ҷаноби олӣ ба рухсатии меҳнатӣ ва истироҳат намераванд, мо ҳам чунин имконро надорем.”
Зайниддин САФАРОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, гуфт, ӯ 12 рӯзи истироҳаташро дар осоишгоҳи Истаравшани вилояти Суғд сипарӣ кардааст. “Истироҳат хуб гузашт. Аз ин фурсат истифода карда, бо мардум низ суҳбату мулоқот доштем. Ҳангоми мулоқот мардум бо як таваҷҷӯҳи зиёд савол медоданду суҳбат мекарданд”,-илова кард ин намояндаи Ҳизби аграрӣ.
Иқболбӣ НАЗАРОВА, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ба далели он ки чанд мушкил дошт, барои истироҳат фурсат наёфтааст. “Ба масъалаи таҳсили фарзандон, аз ҷумла шомил шудани онҳо ба Донишгоҳи байналмилалӣ банд будам. Бино бар ин, фурсат нашуд, ки ба ягон ҷо рафта истироҳат кунам”,-афзуд ӯ.
Шумо истироҳати имсолаи худро дар куҷо гузарондед, ба мо бинависед.