4 000 сомонӣ ҷарима барои монеъ шудан ба таҳсили Муҳаммаду Манижа
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро ба ҷурми монеъ шудан ба таҳсили фарзандони мактабхонаш чор ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Ҷӯрабек Бачаев, додраси парванда, гуфтааст, Шайдулло Назаров дар соли хониши 2013-2014 нагузоштааст, то Муҳаммади 14-солаву Манижаи 13-сола ба таҳсили худ идома бахшанд.
Ба қавли Бачаев, Шайдулло Назаров ҳамчун падар вазифаи худро дар мавриди ба таълим фаро гирифтани фарзандони ноболиғаш иҷро накарда, муқаррароти қонун дар бораи маориф ва масъулияти падару модарро нақз кардааст.
“Бар асоси талаботи моддаи 46-и Қонун “Дар бораи маориф” падару модар ӯҳдадоранд, ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароит муҳайё кунанд, бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсил ва сатҳи дониши фарзандонашон ошно шаванд. Инчунин, тибқи талаботи моддаи 9-и Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидон вазифадоранд, бо таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, фарзандро ба воситаи таълим таъмин карда, барои хондани ӯ шароити муносиб муҳайё кунанд”,-гуфтааст Ҷӯрабек Бачаев, додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.