Gallup Тоҷикистону Узбакистонро амнтарин кишвари пасошӯравӣ гуфтааст
Тоҷикистону Узбакистон миёни кишварҳои дигари иттиҳоди шӯравии пешин аз рӯи “Индекси қонун ва тартибот” баландтарин имтиёзро соҳиб шудаанд.
Оҷонси Gallup дар пайи хулосаи назарпурсии худ ба ин ду кишвари Осиёи Марказӣ 88 имтиёз додааст, ки миёни дигар давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Gallup Тоҷикистон нисбат ба панҷ соли пеш нишондиҳандаашро ба 10 бал беҳтар кардааст.
Ин маркази омӯзиши афкори умум гуфтааст, “мизони амният нисбат ба соли 2009 аз миёни 13 кишвар ва минтақа (дар гузориши Gallup Қарабоғи Куҳӣ минтақаи ҷудогона ҳисоб шудааст) дар 8-тои он беҳтар шудааст". Гурҷистон 87, Қарабоғи Куҳӣ ва Туркманистон 78-балӣ доранд. Русия бо 50 хол зинаҳои охирро муаррифӣ мекунад. Аммо нишондиҳандаи Қирғизистон дар ин панҷ сол бетаӯйир будааст. Ин ҳамсояи Тоҷикистон мисли соли 2009 бо 64 хол дар зинаи 9 аст.
Gallup гуфтааст, дар назарпусрӣ, ки соли 2013 анҷом дод, аз ҳар кишвар 1000 нафарӣ иштирок карданд, ки синашон аз 15 боло буд. Назарсанҷӣ аз се савол иборат буда ва ҷавоби иштирокдорон ба онҳо бояд “Ҳа” ё “Не” бошад. Саволҳо чунин будаанд:
1. Шумо ба пулиси маҳаллии ноҳия ё шаҳре, ки зиндагӣ мекунед, бовар доред?
2. Шабона вақте дар ноҳия ё шаҳратон танҳо қадам мезанед, худро амн эҳсос мекунед?
3. Давоми 12 моҳи ахир пул ё дигар амволи шумо ё аъзои хонаводаатонро дуздидаанд?