“Офтоб” ба ҷои “тоҷ” ва “пахта” ба ҷои “анор”. Рамзи 3000-солагии Ҳисор тасдиқ шуд
Рамзи 3000-солагии Ҳисор баъди такмил шудан қабул гардидааст. “Тоҷ” бо “офтоб” ва “анор” бо “пахта” иваз шудаанд. Дар мавриди такмил додани лоиҳаи рамз қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд.
Рамзи Ҳисор ба шакли давра тасвир шудааст. Даври он рангҳои парчами Тоҷикистон-сурх, сафед ва сабзро дошта, дохили ранги сафед дар қисмати болоӣ бо хатти сирилик ва лотинӣ – “Ҳисор 3000” навишта шудааст. Дар қисми поёнии давра ба ду тараф тасвири барги дарахти ғор (лавровое дерево), ки нишони ифтихорию қаҳрамонӣ гуфта мешавад ва аз болои онҳо хӯшаҳои гандум, ҳамчун рамзи кишоварзӣ ва неъмат нақш ёфтааст.
Дохили давра дар заминаи ранги осмонӣ ду грифтон (махлуқи болдори афсонавӣ) ва миёни болҳои онҳо, ки шакли куҳро низ доранд, офтобро дидан мумкин аст. Асоси рамзи грифтонҳоро бозёфти 2 болосутуни сангии асри II-и пеш аз милод аз ноҳияи Шаҳринав дар соли 1965 ташкил медиҳанд, ки ҳоло дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон маҳфузанд.
Дар қисмати мобайни рамз баргҳои ток ва хӯшаи ангур ва дар қисми поёнии давра бошад, пахтаи шукуфон ва дигар рустаниҳоро дидан мумкин аст.
Таҷлил аз 3000-солагии Ҳисор 10 сентябри соли 2015 дар назар аст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур дар як машварати корӣ дар моҳи октябри соли сипаришуда гуфта буд, “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст”. Дар ин ҷаласа ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки "барои таҳти васояти ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ҳукумати Тоҷикистон ба ин созмон дархост фиристодааст".