“Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”
Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев – муҷрӣ ё барандаи собиқи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро ба нақзи муқаррароти чор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев ҳоло дар “Имрӯз” кор намекунад, аммо бо ирсоли номае ба роҳбарияти радио машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд.
Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” (Q-Net) дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Оқои Ҳомидов иддао карда буд, ин хабарнигори тоҷик ҳангоми суҳбаташ дар бораи ширкати Q-Net онҳоро мавриди таҳқиру туҳмат қарор дода, шаъну этиборашонро паст мезанад.
Қироншоҳи Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО, мегӯяд, ба далели он ки маводи барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳаҷман хеле калон буд, ҷаласаи онҳо ду дафъа - 18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ баргузор шудааст. Ба қавли ӯ, ба намояндагии ширкати “Квестнет” ҳам маслиҳат дода шудааст, ки “дар ҳолати ба нишастҳои матбуотӣ ва ё барномаҳои радиову телевизионӣ даъват шудан аз ҷониби ин ё он ВАО, иштироки намояндагони масъулашро таъмин намояд”.
Дар охир аз роҳбарону кормандони расонаҳо хоста шудааст, “ба хотири таъмини озодии сухан дар фаъолияти ҳамарӯза принсипҳои бунёдии журналистикаро риоя намуда, дар ин замина ба халалдор шудани Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳ надиҳанд”.
Барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳар субҳ аз соати ҳафт то даҳи рӯз дар Радиои Имрӯз мустақим пахш мешуд. Яке аз мавзӯъҳои доғе, ки дар ин барнома тавассути Орзу Исоев матраҳ гардида, бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид, фаъолияти Q-Net дар Тоҷикистон буд. Оқои Исоев ахиран, ба дунболи барканории Рустами Ҷонӣ аз мақоми мудири кулли ширкати Ориёно-Медиа, ки шомили Радиои Ориёно ва Имрӯз асту ба Ҳасан Асадуллозода, роҳбари Ориёнбонк марбут дониста мешавад, аз кор рафт.