Симини Беҳбаҳониро нагузоштанд, дар канори Аржану Шомлу "бихуспад"
Мақомоти Эрон иҷоза надодаанд, ҷасади Симини Беҳбаҳонӣ дар оромгоҳи Имомзода Тоҳир дар Теҳрон ба хок супорида шавад. Дар ин бора ба расонаҳо Алии Беҳбаҳонӣ -- писари Симини Беҳбаҳонӣ хабар дода ва гуфтааст, “бар асоси қарори мақомот акнун пайкари шоир дар мазори хонаводагии Биҳишти Заҳро ба хок супурда хоҳад шуд”.
Фарзанди бонуи ғазали Эрон афзудааст, дар асл васияти модараш ин буд, ки ӯро дар оромгоҳи Имомзода Тоҳир бигӯронанд. “Васияти модар ин буд, ки дар канори наберааш -- Аржан ва дар канори нопадари ман -- марҳум Манучеҳр Кушёр қарор бигирад. Бахусус ки дӯстони адиб ва ҳунарманди эшон ҳама дар онҷо ҳастанд: аз Муртазо Ҳанонаву Аҳмад Шомлу то Ғизола Ализода ва Ҳушанг Гулшерӣ”,-афзудааст ӯ.
Маросими дафни Симини Беҳбаҳонӣ соати 9-и субҳи 22 август дар оромгоҳи Биҳишти Заҳро баргузор хоҳад шуд. Ӯ, ки чанд вақти ахир аз мушкили қалб ранҷ мебурд, дар синни 87-солагӣ дар Теҳрон даргузашт. Симини Беҳбаҳонӣ беш аз 63 навъи вазни навро дар шеъри форсӣ эҷод карда, ҳамчун “бонуи ғазали Эрон” маъруф аст. Ҳаводорони ашъори Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам кам нестанд.