Пан Ги Мун ДИИШ-ро барои буридани сари хабарнигор маҳкум кард
Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал, қатли хабарнигори амрикоӣ ба дасти ҷангиёни Давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ)-ро маҳкум карда, онро ҷинояти зишт хондааст. Ӯ гуфтааст, “чунин иқдом ниёз ба мубориза бо ДИИШ-ро пеш аз пеш мавриди таъкид қарор медиҳад”.
Рӯзи 19 августи соли ҷорӣ ҷангиёни Давлати Исломии Ироқ ва Шом, ки аз он ба ҳайси созмони террористӣ ном бурда мешавад, бо пахши видеое эълом карданд, Ҷеймз Ролӣ Фулӣ -- аккос ва хабарнигори амрикоиро дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ба минтақаҳои таҳти назораташон дар шимоли Ироқ сар буридаанд. Фулӣ моҳи ноябри соли 2012, дар ҳоле ки барои таҳияи гузориш ба Сурия рафта буд, дар шаҳри Баниш, наздикии марзи Туркия, аз сӯи афроди ношинос рабуда шуд.
Баъди сар буридани ин хабарнигор аъзои ДИИШ як табааи дигари Амрикоро дар баробари дурбин (камера) қарор дода, таҳдид карданд, дар сурати идомаи ҳамлаҳо, ӯро низ сар хоҳанд зад.
Ҷангиёни ДИИШ аз ин фард Стивен Ҷуел Сатлоф ном бурданд. Дар сурати дуруст будани иддаои онҳо, Сатлоф хабарнигори нашрияи “Time” аст, ки соли 2013 дар Сурия нопадид шуда буд. Мақомоти Амрико ҳанӯз ба интишори ин видео вокунише накардаанд.