Боз шудани “Одноклассники” баъд аз як моҳи масдудияташ
Шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" дар Тоҷикистон баъд аз як моҳи масдудияташ дубора дастрас шуд. Бархе аз корбарони ин шабака дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дастрасӣ ба "Одноклассники" дар қаламрави Тоҷикистон аз шоми 20 августи соли ҷорӣ ба ин сӯ имконпазир шудааст.
Тибқи маълумоти намояндагони “Одноклассники” санаи 18 июл ин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дастнорас шуда буд. Масъулини ин шабака қалан бо интишори баёнияе гуфтанд, бо вуҷуди муроҷиат ба ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистон сабаби масдуд шудани ин шабакаи иҷтимоӣ равшан нашудааст. Дар баробари “Одноклассники” дар Тоҷикистон YouTube низ масдуд буд ва то ҳол боз нашудааст.
Аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даст доштанашро дар ин маҳдудсозиҳо рад карда, изҳор медорад, ки ин шабакаҳо бо сабабҳои фаннӣ дастнорас шудаанд. “Одноклассники” аз ҷумлаи маъруфтарин шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст, ки теъдоди корбарони тоҷикитонияш ба беш аз 300 ҳазор нафар мерасад.