Қуръапартоии даври 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2014
Дар Душанбе қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд.
Барои Ҷоми Тоҷикистон имсол 15 даста мубориза мебарад. Бозиҳои аввали даври 1/8 ниҳоӣ 27 август ва бозиҳои ҷавобӣ 8 сентябр доир мегардад.
Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2014 аз даври чорякниҳоӣ мубориза мебарад. Рақибаш ғолиби ҷуфти “Хайр”/”Далерон-Ӯротеппа” хоҳад буд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 22 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон-2014. 1/8 финал. Бозиҳои аввал
27 август (чоршанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
“Истиқлол” – “Хуҷанд”
“Ҳосилот” – “Исфара”
“Парвоз” – “Эсхата”
“Саройкамар” – “Ваҳдат”
“Хайр” – “Далерон-Ӯротеппа”
“Энергетик” – “Регар-ТадАЗ”
ССКА “Помир” – “Равшан”
1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ.
8 сентябр (душанбе)
Оғози бозиҳо соати 16:30
“Хуҷанд” – “Истиқлол”
“Исфара” – “Ҳосилот”
“Эсхата” – “Парвоз”
“Ваҳдат” – “Саройкамар”
“Далерон-Уротеппа” – “Хайр”
“Регар-ТадАЗ” – “Энергетик”
“Равшан” - ССКА “Помир”
Mусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.