Аксҳои зиёди Фарзонаи Хуршед: То ва баъди зиёрати Каъба
Баъд аз зиёрати Хонаи Худо аксҳои бешумори Фарзонаи Хуршед дар интернет нашр шудааст, ки ӯро бо ҳиҷоб намоиш медиҳад. Ин аксҳо дар саҳифаҳое, ки бо номи ин овозхони поп дар чанд шабакаи иҷтимоӣ сабт гардидааст, қобили тамошоянд.
Дар онҳо Фарзонаи Хуршед бо чанд навъи ҳиҷоб тасвир ёфтааст. Бархе аз ин либосҳо барои истифодаи маъмулӣ набуда, зоҳиран барои намоиши муд истифода мешавад.
Дар қатори ин аксҳо суратҳои қабл аз “ҳоҷибибӣ” шудани ӯ ҳам ҳастанд ва дар бархеи онҳо низ Фарзона рӯсарӣ дорад. Дар бархе клипҳо низ вай бо ҳамин “образ” намоён мешавад. Он вақт бархеҳо Фарзонаро интиқод карданд, ки ҳиҷобро бо шими танг пӯшида ва сурудҳои шӯх мехонаду зиёд мерақсад.
Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё охирҳои моҳи сипаришуда ба Ҳаҷ рафта буданд. Дар ин сафар онҳоро апаашон Бибирӯзигул ва духтари Шабнам - Шарифамоҳ низ ҳамроҳӣ карданд. То он вақт бештари аксҳои Фарзона бо либосҳои аврупоӣ бардошта шудааст.
Баъд аз Ҳаҷ:Пеш аз Ҳаҷ: