Дастгир шудани Назаров барои талаби пора ҳангоми тақсими замин
Эгам Назаров - муовини раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ аз сӯи кормандони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Назаров, ки ҳамзамон раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсими замин дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаро бар уҳда дошт, аз шаҳрванд Гулова барои дар рӯйхати эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ ворид кардан, 500 доллар талаб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ҳангоми гирифтани маблағ рӯзи 14 августи соли ҷорӣ дар дохили Чойхонаи миллии “Роҳат”, воқеъ дар шафати Қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгир шудааст.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин иттилои худ, афзудааст, алайҳи Эгам Назаров бар асоси моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.