Гилаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз чашмпӯшиҳои САҲА (ОБСЕ)
Маҳмадалӣ Ҳайит – муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мулоқот бо Марчин Валетский - раиси шуъбаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендерӣ аз мавқеъгириҳои ин ниҳоди байналмилалӣ нисбат ба интихоботҳои кишвар интиқод кардааст.
Муовини раиси ҲНИТ, ки ҳамзамон раҳбарии ситоди интихоботии ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2015-и кишварро бар дӯш дорад, аз раванди назорати интихоботҳои қаблии Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои ҳомии демократия, аз ҷумла САҲА норозигӣ карда, гуфтааст, онҳо танҳо бо нашри баёнияву изҳорот ва тавсияҳо иктифо менамоянд.
Раҳбари ситоди интихоботии ҲНИТ изҳор доштааст, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА дар ҳоле бо нашри изҳорот ва ироа тавсияҳои худ барои демократисозии ҷомеа ва баргузории интихоботҳои шаффофу озод кифоя мекунанд, ки он аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.
Тавре Маҳмудҷон Файзраҳмонов – сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” хабар дод, мулоқоти Муҳаммадали Ҳайит бо Марчин Валетский рӯзи 20 август дар қароргоҳи маргазии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ҷонибҳо дар ин мулоқот вазъи қабл аз интихоботии Тоҷикистонро баррасӣ карда, инчунин омодагӣ ба ин чорабинии сиёсӣ ва иштироки ҷавонон ва бонувон дар интихоботро ба баҳс кашидаанд.