Парвандаи ҷиноӣ алайҳи сармуҳосиби Донишкадаи исломӣ
Нишон Ниёзов, сармуҳосиби шуъбаи молия ва ҳисобдории Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ба иттиҳоми гирифтани “маош аз роҳи сохтакорӣ” боздошт шудааст. Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, оқои Ниёзов тӯли фаъолияташ дар солҳои 2012, 2013 ва 6 моҳи 2014 “бо истифода аз ваколаташ ба тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи сохтакории хизматӣ даст задааст”.
Ба иттилои манбаъ, “Нишон Ниёзов новобаста аз он ки дар суратҳисоби расмии дар “Амонатбонк”-буда, ки ба маблағи 51491.88 сомонӣ ҳамаи музди маошро гирифтааст, боз ғайриқонунӣ тавассути почтаи электронӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” низ ба номи худ суратҳисоби музди меҳнат кушодааст. Баъдан, ӯ ба суратҳисоби худ мунтазам аз ҳисоби андоз аз шахсони воқеӣ маблағи 71 378.42 сомониро ҳамчун музди маош интиқол додааст”.
Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯянд, нафари гумонбар баъдан маблағро аз банкоматҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар Душанбе гирифта, ба миқдори калон ба давлат зиён расондааст. “Рӯзи 8 августи соли ҷорӣ нисбат ба ӯ бо моддаҳои 245, қисми 3, банди «а» ва 323-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад”,-мегӯяд манбаъ.