Интиқоди ҲНИТ аз “порнография”-и ТВ-ҳо ва радди узвияти Саркоров
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳорот навореро, ки шоми 19 август тариқи телевизионҳои давлатии кишвар намоиш дода шуд, “ғайриахлоқӣ, таҳрифи ҳақиқат ва дорои ангезаи сиёсӣ” хондааст. Ин навор дар бораи равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, ки аз ӯ раҳбари ячейкаи ҲНИТ ном бурда мешуд, ҳикоят мекард,
Аммо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, гуфт, Саркоров узви ҳизби онҳо набудааст. Номбурда ин наворро “туҳмати навбатии мақомот нисбат ба ҳизб хонда”, мегӯяд, “амали мақомот бо нашри се матлаби ахир алайҳи раҳбарияти ҲНИТ дар нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият" рабт дорад”.
Оқои Файзраҳмонов дар идома афзуд, “чуноне маълум аст, имомону хатибон тибқи қонунҳои амалкунанда аъзои ҳеч ҳизби сиёсб шуда наметавонанд. Намоиш додани китъаҳое аз навор, ки хусусияти порнографӣ ва шаҳватбарангезӣ дорад ва он ҳам дар шабакаи расмии ҳукуматӣ, ки аз ҳисоби андози аҳолӣ фаъолият менамояд, ба вижа барои кӯдакон ва ҷавонон зарари равонӣ дошта, мухолиф ба арзишҳои миллӣ ва динӣ мебошад”.
Сухангӯи ҲНИТ афзуд, “бар асоси гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин навор, ки бархе аз қитъаҳояш дар гузориши 19 август ба намоиш гузошта шуд, аз тарафи доираҳои муайяне чанд вақт пеш омода шуда, ба аҳолии навоҳии минтақаи Кӯлоб дар шакли дискҳо тақсим гардидааст, ки ҳадаф аз он коҳиш додани нуфуз ва бадномкунии ҲНИТ дар остонаи интихоботи парлумонӣ аст”.