ВКД: Тайи 20 сол дар Тоҷикистон 1760 милиса ҳалок шудааст
Дар 20-соли ахир, шурӯъ аз соли 1991 то имрӯз 1760 нафар корманди милиса аснои иҷрои вазифаи хидматӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила, рӯзи 6-уми сентябр, аснои пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи гиромидошти хотираи милисаҳои қурбоншуда дар назди вазоратхонаи мазкур иброз дошт. Генерал афзуд, лавҳаи хотира бо истифода аз маблағи хайрияи ВКД сохта шудаас. «Мо хотираи ҳар яке аз 1760 нафар аз милисаҳои фавткарда дар бист соли охирро гиромӣ хоҳем дошт»,- гуфт Абдураҳим Қаҳҳоров. Бино ба иттиллои вазири корҳои дохила муҷассамаи мазкур ба хотираи онҳое, ки дар замони таъсиси ҳукумати шӯравӣ дар Тоҷикистон алайҳи босмачиҳо ҷангидаанд, инчунин онҳое, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карда, фашистони немисро саркӯб кардаанд, низ иртибот дорад. Абдураҳим Қаҳҳоров мегӯяд, хотираи кормандони милиса, ки ҷони худро дар роҳи расидан ба сулҳу истиқлоли комили кишвар дареғ надоштаанд, ҷовидона хоҳад монд.{jathumbnail off}