АКС: Банд мондани даҳҳо мошин дар пайи сафари Раҳмон ба Суғд
Ба дунболи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба виляоти Суғд аксари роҳҳо ба сӯи шаҳри Хуҷанд баста шудаанд. Субҳи 20 август даҳҳо мошине, ки аз тарафи Зафарободу Шаҳристон ва Истаравшану Спитамен меомаданд, дар назди даромадгоҳи Хуҷанд банд монданд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони маркази Суғд низ аз баста шудани роҳҳои марказии шаҳр хабар медиҳанд ва мегӯянд, роҳбандиҳо барои анҷоми корашон мушкил эҷод кардааст. Аксар вақт ҳамнгоми сафари раиси ҷумҳур ба манотиқи кишвар роҳҳо баста мешаванд ва мақомот онро таъмини амният меноманд.