Намоиши навори маҳрамонаи имоме аз Лолазори Фархор дар ТВ-ҳои давлатӣ
Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 19 августи соли ҷорӣ навореро намоиш доданд, ки аз равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, бо як зан ҳикоят мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, Саркоров раҳбарии яке аз ташкилоти ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар баробари имоматӣ ба дуохонӣ ва табобати сокинон низ машғул будааст.
Бар асоси нақли гузоришгарон, авлоди Саркоров дар оғози асри бист гӯиё аз Бухоро омада, дар Лолазори Фархор маскан ихтиёр кардаанд. Онҳо гуфтанд, ҳадаф аз ин намоиш паҳни фаҳшо ва ё кинаву кудурат ба рӯҳониён нест, балки мехоҳанд аз ин тариқ дардҳои ахлоқии ҷомеаро дармон бахшанд.
Дар ин навор лаҳзаҳои хуфтухоб ва равобити ҷинсии Саркоров бо зане, ки гӯиё барои дуохонӣ ба пешаш омадааст, дида мешавад. Аз навор маълум аст, он аз чанд гӯшаи хона сабт шуда, тамоми лаҳзаҳои равобити маҳрамонаро ҳифз кардааст ва зани дар он буда, бо истифода аз кӯрпаю болишт талош мекунад, то чеҳрааш ошкор нашавад.
Дар гузорише, ки шоми 19 августи соли ҷорӣ аз равобити маҳрамонаи Саркоров дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд, бархе аз ҳамдеҳагони “қаҳрамон” баромад карда, амали ӯро нафратангез хонданд. Яке аз ин афрод, гуфт, Асомуддин Саркоров баъд аз ин овозаҳо кам ба масҷид меояд ва дар кӯчаҳо низ камтар пайдо мешавад. Онҳо мегӯянд, ин овоза обрӯи деҳаашонро ба замин задаасту онҳо то ба ин ҳад ба бадахлоқии Саркоров бовар надоштанд. “Чун имом буду ҳамеша аз зарари зино мегуфт. То ин корро карданаш одами хуб буд. Чи хел мешавад, ки ҳамаро ба сӯи некӣ даъват мекунию худат ин хел менамоӣ”,-гуфт яке аз сокинони Лолазор.
Намоиши навори маҳрамонаи Саркоров тавассути телевизионҳои давлатӣ дар ҳолест, ки он ҳамагӣ чанд рӯзи пеш тавассути “Нури наҳзат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Пахши ин гуна наворҳо тавассути шабакаҳои давлатӣ бори аввал нест. Дар гузашта низ чандин навори маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз сӯи Нури наҳзат таҳия мешаванд, намоиш ёфта буданд. Аммо ин бори аввал аст, ки Шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳангоми намоиши навори маҳрамонаи Саркоров истинод ба Нури наҳзат карданд.
Нури наҳзат, ки дар пайи маъракаҳои “антинаҳзатӣ” ба миён омадаасту худро мақоми амниятии дохилии Ҳизби наҳзати исломии Тиҷикистон муаррифӣ мекунад, бо ифшои лаҳзаҳои маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз онҳо “мулло” ном мебарад, машғул аст. Дар пайи зиёд шудани ин гуна наворҳо аз сӯи ин шабака Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз паҳн намудани ин гуна наворҳоро нигаронӣ карда, онро маҳкум карда буданду амали “Нури наҳзат”-ро мухолифи фарҳанг, дин ва минталитети тоҷикон эълон каданд.